Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
РАИСИ НОҲИЯ
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло
Муовини раиси ноҳия
Дилрабо Раҳимӣ
Муовини раиси ноҳия
Исломзода Баҳодур Саид
Хабарҳои охирин
Добавить новость
Табрикоти иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ба муносибати Рӯзи Модар Муҳтарам модарону бонувони арҷманд! Бо эҳтироми беандоза ва самимияти баланд Шумо — модарони азиз ва занону духтарони гиромии ноҳияи Спитаменро ба муносибати Рӯзи Модар, ки яке аз ҷашнҳои пурифтихор ва пурмеҳри ҷомеаи мо ба шумор меравад, табрик ва таҳният менамоям. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ, садоқат ва фидокорист. Нақши модар дар зиндагии ҳар як инсон басо бузург ва муқаддас мебошад. Маҳз бо меҳрубонӣ, тарбияи нек ва дилсӯзии модарон насли солим, ватандӯст ва бофарҳанг ба камол мерасад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба модар ва зан дар фарҳангу тамаддуни миллати мо ҳамеша ҷойгоҳи хоса доштааст. Имрӯз занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси модарӣ дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа — иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва идоракунии давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Бо заҳмату матонати худ Шумо барои рушди ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон хизматҳои назаррас анҷом медиҳед. Модарону бонувони шарафманди ноҳияи Спитамен низ бо меҳнати ҳалол, масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ дар тарбияи насли наврас, таҳкими арзишҳои миллӣ ва ободии диёри худ саҳми босазо мегузоранд. Ин хизматҳои Шумо ҳамеша бо эҳтиром ва қадршиносӣ ёд карда мешаванд. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки Шумо сиҳатии комил, рӯзгори пурсаодат, хушбахтии оилавӣ, бурдбориҳо дар фаъолияти пуршараф ва меҳру муҳаббати фарзандону наздиконро таманно менамоям. Бигзор дар ҳар хонадон меҳру гармии модарӣ ҳукмфармо бошад ва файзу баракат аз зиндагии Шумо ҳеҷ гоҳ кам нагардад. Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, зиндагии осуда ва комёбиҳои бепоён орзу менамоям. Рӯзи Модар муборак бошад!
Аксияи ҷумҳуриявии «Мо тоҷикона мепӯшем» Дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояк аксияи ҷумҳуриявии «Мо тоҷикона мепӯшем» бо иштироки сокинон, фаъолон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои либоспӯшии тоҷикона ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ доир шуда, дар он занону духтарон бо либосҳои зебои миллӣ иштирок карданд. Ҳунари дӯзандагон ва тарроҳони маҳаллӣ низ муаррифӣ гардида, намунаҳои гуногуни атласу адрас ва дигар либосҳои суннатӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки пӯшидани либоси миллӣ рамзи ифтихор аз таърих ва фарҳанги ғании тоҷикон мебошад. Ӯ зикр намуд, ки чунин иқдомҳо дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ нақши муҳим доранд. Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ мазмуни тозаву рангин бахшид. Ҳунармандони маҳаллӣ бо суруду рақсҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардонида, фазои идона фароҳам оварданд. Инчунин, хонандагон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва фарҳанги миллӣ баромад карданд. Иштирокдорон баргузории чунин аксияҳоро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои фарҳангиву маънавӣ изҳор доштанд. Аксияи «Мо тоҷикона мепӯшем» бори дигар нишон дод, ки эҳтиром ба либоси миллӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва асолати миллат мебошад.
Мулоқоти судманд Дар толори Театри давлатии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен мулоқоти муҳиму судманд оид ба масъалаи муқовимат бо савдои одамон баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, махсусан ҷавонону занон, оид ба пайомадҳои номатлуби савдои одамон ва роҳҳои пешгирии ин ҷинояти фаромиллӣ арзёбӣ шуд. Дар мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки мубориза бо савдои одамон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии ин падида тадбирҳои мушаххас амалӣ менамоянд. Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Содиқзода Ҳотамшоҳ вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ дар ин самт маълумот пешниҳод карда, иброз дошт, ки аксаран шаҳрвандон бо ваъдаҳои кори сердаромад дар хориҷи кишвар фирефта гардида, ба доми қочоқбарон меафтанд. Ӯ шаҳрвандонро ба ҳушёрӣ ва ҳамкории фаъол бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд. Ҳамзамон, сархатиби ноҳия Исмоилзода Баҳодур зимни баромади худ таъкид кард, ки савдои одамон аз нигоҳи арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ амали номатлуб ва маҳкумшаванда буда, ҷомеа бояд дар тарбияи маънавии ҷавонон ва таҳкими арзишҳои инсонӣ саҳмгузор бошад. Ҳамзамон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Кенҷабоева Нилуфар ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муҳаммадӣ Музрафхон баромад карда, ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҳизбиро дар самти мубориза бо савдои одамон муҳим арзёбӣ намуданд. Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки танҳо бо муттаҳид сохтани талошҳои мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон сатҳи ин ҷинояти хавфнокро коҳиш дод ва амнияти иҷтимоиро таҳким бахшид.