Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
РАИСИ НОҲИЯ
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло
Муовини раиси ноҳия
Дилрабо Раҳимӣ
Муовини раиси ноҳия
Исломзода Баҳодур Саид
Хабарҳои охирин
Добавить новость
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки васеи сокинон, ҷавонону варзишгарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Дар чорабинии варзишӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода иштирок намуда, зимни суханронии худ иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҷисмонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он дар тамоми гӯшаву канори кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҷавонон пайваста ба машқу тамрин ва иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мегарданд. Иштирокчиёни Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ масофаи муайяншударо тай намуда, маҳорати ҷисмонӣ ва рӯҳияи баланди варзишии худро нишон доданд. Дар чорабинӣ намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, донишҷӯён ва дӯстдорони варзиш фаъолона иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибону фаъолон бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ дар ноҳияи Спитамен барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Вусъати корҳои созандагиву ободонӣ Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Куруш ва Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен корҳои мумфаршкунии кӯчаҳо бо маром идома доранд. Иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон ва баланд бардоштани сатҳи ободонии маҳал амалӣ гардида, аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ истиқбол гирифта мешавад. Тибқи иттилоъ, мумфаршкунии кӯчаҳо бо ҷалби соҳибкорон, фаъолон ва саҳми сокинон роҳандозӣ шуда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза касб намудааст. Сокинон иброз медоранд, ки чунин тадбирҳо барои беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ва рушди инфрасохтори маҳал аҳамияти муҳим доранд. Мақомоти маҳаллӣ таъкид менамоянд, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия идома дошта, то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти муҳиму замонавӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона саҳм гирифта, барои истиқболи сазовори ҷашни миллӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Спитамен: Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила бо шукуҳу шаҳомати хос Дар Қасри Сомониёни ноҳияи Спитамен бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона аз 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 7 оилаи намунавӣ иштирок намуданд, ки бо зиндагии ибратбахш, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳми муносиб дар тарбияи фарзандон ҳамчун оилаҳои намунавӣ шинохта мешаванд. Чорабинӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба он оилаҳое ҷалб шуданд, ки ё дорои 35 соли зиндагии муштараки оилавӣ мебошанд ва ё аз рӯйи синну сол 35-сола буда, оилаи намунавӣ ташкил кардаанд. Муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи оила табрик намуда, таъкид кард, ки оилаи солим ва устувор заминаи асосии ҷомеаи пешрафта ба шумор меравад. Зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими оила, тарбияи дурусти фарзандон ва ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар идомаи чорабинӣ ба оилаҳои намунавӣ сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен супорида шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен ба кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд, ки ба чорабинӣ рӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Ҳамчунин, иштирокчиёни чорабинӣ аз таҷрибаи зиндагии муштараки худ, роҳҳои нигоҳ доштани муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила нақл карда, ҷавононро ба бунёди оилаи мустаҳкам ва масъулиятшиносӣ дар ҳаёти оилавӣ даъват намуданд. Барномаи фарҳангии аҳли ҳунар фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардонида, ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.