Мо бар зидди терроризм

Калимаи террор аз калимаи лотинӣ “тарсонидан, зулм, зӯроварӣ” мебошад. Терроризм таърихи қадим дорад. Терроизм ҳамчун воситаи мубориза бори аввал дар Рими Қадим пайдо шудааст, то ҳозира амал мекунад.

Терроризм – роҳи асосии радикали буда, бо роҳи зӯри ба даст даровардани ҳокимият аст. Имрӯз якчанд гурӯҳҳои террористӣ мавҷуд буда, асоси онҳоро ҷавонон ташкил мекунанд. Аз ҷумла “Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир” гурӯҳҳои терроистӣ мебошанд. Ҳизби наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон фаъолият мебурд, сиёсати пешбурдаи он барои ба даст даровардани ҳокимият бур, ки ба ин мақсад онҳо ҷавононро шомил мекарданд. Қувваҳое, ки дар қафои ҳизби мазкур истода буд, аз ҷумла доираҳои динии Эрон, Саудияи Арабӣ барои вайрон кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили давлати динӣ аз методҳои террористӣ истифода бурданд. Дар айни ҳол барои нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири терроризм соҳаи маориф як қатор корҳои назаррасро ба роҳ монда, барои тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.

Мо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда бо падару модарон ва хонандагон суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣқ гузаронида истодаемм.

Дар муассисаҳо доир ба ҳуқуқ, рӯзи Конститутсия, рӯзи Ваҳдат, рӯзи Артиши милллӣ корҳои берун аз синфӣ ташкил карда мешавад. Се сол боз фанни таърихи дин дароварда шудаст, ки дар ин фан хонандагон моҳияти дини ислом, омухта истодаанд ва намегузорем, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ шомил гарданд.

Вобаста ба ин дар муассисаҳо маҳфилҳои гуногун ташкил шуда, хонандагон ба онҳо ҷалб карда шудаанд ва онҳо вақти холигии худро пурсамар мегузаронанд.

Мо омӯзгорон барои бо роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон ӯҳдадорем.

Омузгорони ноҳия

Aanvullende gegevens