Маҳфуми экстремизм, терроризм аз нигоҳи таърих

Терроризм чун зуҳуроти махсуси ҳайёти ҷамъиятию сиёсӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ки онро надониста манъбаҳо ва амали терроризмро дарк кардан душвор аст.

Ҳарчанд руйирост бояд гуфт,ки дар террорӣ муосир пардапӯшӣ ва самтгири қаблии идеологии баландпарвозони аз ҷониби худи он муарифи шаванда мавҷуд нест. Тарзи амали аксари ташкилотҳои террористӣ муосир, гуруҳҳо ва шахсони алоҳида аз «ғояҳои баланд» хеле ва хеле дур мебошанд. Кашфиёти сарчашмаҳои таърихии терроризм, аломатҳои хоси ӯ, оғози иҷтимоӣ, тамоми рушт ва омода намудани чораҳои оггоҳкунанда барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дерҳо аллакай чизи нав ҳисоб намешаванд. Ҳарчанд барои ҷамъият ва давлати мо масъалаҳо фақат таи чанд соли охир зухур карданд, вақте, ки тағиротҳои ҷиддӣ дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба амал омаданд.

Соли 1987-832 ва соли 1989-856 амалӣ террористи ба амал оварда шуд. Афзоиши шумораи амалҳои террористӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва лагери сотсиолистӣ зиёд шуданд.

Муташаккилӣ, мусалаҳшавӣ ва муттаҳидди гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ афзудан гирифтанд. Шумораи қурбониёни терроризми байналмилалӣ зиёд шуданд, агарчи миқдори амалҳои террористию экстримистӣ коҳида бошад. Террористои беш аз беш яроқу аслиҳаи марговарро бар зидди мардуми осоишта. истифода мекунанд,

Пешгири аз терроризм рӯз аз рӯз ба масъалаи муҳими глобалӣ табдил ёфта истодааст, ки он ҷаҳонро ноором мегардонад. Ин нуқта дар Пайёми навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон низ ҷиддан таъкид гардид. Сарвари давлат доимо таъкид бар он мекунанд, ки «терроист ватан миллат ва масҳаб надорад». Барои тақвияти мубориза бо терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи мили Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва эстримизм барои солҳои 2016-2018» қабул гардида, ки ҳадафи асосии он пегирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию ифротгароият. Тавсеи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низомҳои мусаллаҳи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккилӣ, фаромилӣ ва гардоиши ғайриқонуни маводи муҳаддир ба кишварҳои мо хатари ҷидди эҷод карда истодаанд. Ҳоло фаъолшавии гуруҳҳои террористиву ифродгароӣ ва дигар ҷумбишҳои илтиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷахон амнияти тамоми мардуми сайёрарро зери хатар қарор додаст. Бори дигар таъкид карда мешавад, ки амалҳои ваҳшиёнаи ин нерӯҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гунна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухалифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи Ислом мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ва тъмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмиллалӣ, бахусус, ниҳодҳои дахлдори созмони милал, пайваста иқдоиҳои мушаххасро

роҳандози менамояд. Мо омӯзгорон дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстӣро ба роҳ монда баҳри таълиму тарбияи фарзандон кушиш ба харҷ хоҳем дод.

Омузгорони ҷавони МТМУ №3

Aanvullende gegevens