Террорист аз бани одам нест!

Бо ҳавас ба атроф менигарам . Осмони софу беғубор , муҳити тинҷу осуда. Фарзандони мо бетарсу ҳарос, бо сари баланд атрофро пур карда бо хандаву бозӣ давида гаштаанд, хотриашон ҷамъ. Парвои чизе надоранд. Онҳоро мебинаму меболам. Шукри тинҷиву оромӣ, шукри давлати ободу ором, шукри сарвари дурандеш, озодихоҳ ва беҳамторо мекунам.

Бо андешаҳо бо қаъри хаёл ба дуриҳо назар меандозам. Давлатҳои аз дасти террорчиён ба додомадаро пеши чашмонам меоварам. Чӣ қадар имрӯзҳо зери зулму истибдоди террористон қарор доранд. Худкушиҳо бо мақсади шаҳидӣ дар роҳи Оллоҳ, ки ҳаракатҳои кӯр-кӯрона ва ташвиқотҳои нодуруст ба амал меояд, инсониятро ба вартаи ҳалокат бурда истодааст. Дар зери пардаи дини Ислом террористон корҳои разилонаро ба амал бароварда истодаанд. Ин гуна инсонҳо фақат як мақсад доранд. Ба сари қудрат омадан, ҳукумрони мутлақ будан мехоҳанд. Мақсади онҳо бо бовари гуфтан мумкин аст, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Лекин онҳо инсонҳоро азият дода истодаанд. Бо роҳи фиреб чӣ қадар ҷавононро ба доми худ кашида, ба ҳаёти инҳо зомин шуда истодаанд. Бинобар кофӣ набудани маълумотҳо ин гурӯҳҳои нохалаф баъзе ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгарии террористӣ- экстромистӣ афтида, ҳаёти худро барбод карда истодаанд. Хиёнат ба Модар – Ватан хиёнат бар падару модари хеш намуда, номи хоини миллатро гирифта истодаанд.

Моро зарур аст, ки тамоми имкониятҳои хешро истифода бурда фарзандонамонро ба роҳи нек ҳидоят намоем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, далерию мардонагӣ тарбият намоем. Ин мақсади ягонаи ҳамаи омӯзгорони МТМУ№ 16 мебошад. Ҳар ҳафта дар ҷамъомади тантанавии байни хонандагон бо ташаббуси дректори муассисаи таълимӣ, ҷонишини дректор оиди таълим ва дигар шахсони мутасаддӣ корҳои ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, ба хонандагон оиди

мавзӯи «Террорист – аз бани одам нест!» дақиқаи сиёсӣ гузаронида мешавад.

Ҳар як падару модар, ҳар як омӯзгор, ҳар як инсони соҳибақл бояд бар зидди ноодамону нобехирадон мубориза бурда, ин Сайёраи худро, ки Замин ном дорад, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дошт.

Омӯзгорони МТМУ№16

Aanvullende gegevens