Роҳандозии аксияи дар Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен санаи 5 сентябр бахшида ба бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии агрегати дуюми НБО Роғун аксияи “Нишоти модарон аз Кохи нур” роҳандозӣ гардид.

Дар қисми ифтитоҳии чорабинӣ мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Дилфуза Саидхӯҷаева ҷамъомадагонро ба муносибати Иди Истиқлолият ва ба кор даромадани чархаи дуюми НБО Роғун муборакбод намуд.

Узви фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, гирандаи идрорпулии президентӣ Моҳинур Ҷӯрабоева дар баромади худ иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда буда дар эъмори ҷомеаи мутамаддин бояд саҳмгузор бошанд. Сипас кормандони кумитаи иҷроия ва намояндагони “Созандагони Ватан” дар кӯчаву хиёбон ва мавзеҳои серодам ба сокинону меҳмонони маркази ноҳия табрикномаҳои кумитаи иҷроияро тақдим намуданд.

Aanvullende gegevens