Зиндаву ҷовид бод – дӯстӣ!

Боиси хушнудист, ки Сарони ду давлат – Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи гузашта бо ҳам вохӯрда, муносибатҳои дӯстонаи ту кишварро тақвият бахшиданд. Ин ҳамаро тариқи ВАО дида, дилам лабрези шодӣ гардид. Шукрона аз он намудам, ки низоъ ва нофаҳмие, ки чанде қабл дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара рух дода буд, бо сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ ҳал гардид.

Кунун робитаҳои ду кишвар аз ин ҳам хубтар гардида, мо такя ба сиёсати оқилонаю ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, бо ҳамсоягони худ дар ҳамаи самтҳо ҳамкориҳоро вусъат мебахшем.

Зиндаву ҷовид бод, дӯстии халқу миллатҳо!

А. ВОРИСОВ,
сокини ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens