Ба дасисаҳои иғвогарон дода нашаваем

Аз расонаҳои хабарӣ огоҳӣ пайдо кардам, ки дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз нофаҳмиҳо байни аҳолии ин минтақа рух дода, бар асари он муноқиша байни сокинони ду маҳал ба миён омадааст.

Бинобар иттиллои васоити ахбори омма ин ҳодиса санаи 22 июли соли 2019 дар ҷараёни омодагиҳо ба мулоқоти Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст.

Вақте ки ду роҳбари ду давлат бо ҳам вохурда, масъалаҳои ҳалталаби ду кишварро мехоҳанд баррасӣ намоянд, ба вуқуъ омадани чунин моҷароҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз гуруҳҳои манфиатдор ин гуна амалҳои дустонаро чашми дидан надоранд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ба сулҳу суббот бо чи тавре набошад халал ворид созанд.

Аз таърих медонем, ки ду миллати ба ҳам дусту ҳамсоя- тоҷикону қирғизон ҳеҷ гоҳ робитаҳои дустӣ, хешутаборӣ ва якдигарфаҳмиро наканда, доимо ҳар мушкилиро бо роҳи сулҳ ва якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл намудааанд.

Мардуми шарифи кишвар набояд ба дасисаҳои гуруҳҳои манфиатхоҳу иғвогарон , ки дустии ду миллати бузургро чашми дидан надоранд, дода шаванд. Ҳамаи мушкилот гузаранда ва ҳалшавандаанд. Бовар дорам, ки дар рузҳои наздик ин нофаҳмиҳо аз байн рафта, мардуми ду деҳаи ба ҳами дусту ҳамсарҳад боз аҳлона зиндагии худро пеш мебаранд.

Б. Расулов,
собиқадори меҳнат

Aanvullende gegevens