Тинҷиву осудагӣ — неъмати бузург

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи сиёсати хориҷии кишвар таъкид карда буданд, ки: “Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд”.

Ин нооромиҳо алҳол ба эътидол наомада, амалҳои террористӣ ҳамарӯза дар сайёра зуҳур доранд ва моро ҳушдор медиҳанд, ки ба қадри неъмати бузург — тинҷиву осудагӣ, сулҳу суботи дар кишвари биҳиштию офтобиамон буда, бирасем.

Чанде пеш халқи шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда ва созанда, ҷашни 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар саросари мамлакат, бо доир намудани чорабиниҳои баланди фарҳангӣ, хубу хотирмон таҷлил гирифтанд.

Дар ин радиф, ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳияамон таҳти дастурҳои раиси ноҳия   Сулаймонзода Акрам Раҳим низ бо ҳиммати соҳибкорони бонангу ори маҳаллӣ чанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд.

Ба шарофати роҳандозӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами кишварамон рӯз аз рӯз диёрамон ободу зебо, зиндагиамон хушу гуворо шуда, моро ҳидоят ба тақвияти бештари ободкориҳо мекунанд.

Бинобар он, бо шукронаи неъматҳои бебаҳои тинҷиву осоиштагӣ, мо ҳама, бо дарки масъулияти баланд, бояд ҷавононро ҳидоят ба корҳои созандагӣ намуда, дар замири онҳо ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро бештар парвариш ва бедор намоем. Онҳоро ба омӯхтани касбу ҳунар, азбар кардани забонҳои хориҷӣ, фаро гирифтани технологияи муосири пешрафта, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият ҳидоят намоем.

Некрӯзи Бузургмеҳр,
собиқадори меҳнат

 

Aanvullende gegevens