Рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила дар театри давлатии ӯзбекии драмаи мусиқии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен, бо иштироки фаъолони намояндагони Ҷамоатҳо, тантанаи идона баргузор шуд.

Дар он аз ҳамаи ҳафт Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оилаҳои намунавӣ, ки дар ҳаёти оиладорӣ ибрати шахсӣ ва таҷрибайи бойи зиндагӣ доштанд, иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ иштирок варзида, кулли иштирокчиёни чорабиниро аз номи МИМҲД-и ноҳия, шахсан раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим таҳнияти самимӣ расонида, ба оилаҳо барору комёбиҳои ҳаёт таманно кард.

Оилаҳои дар чорабинӣ иштирок дошта, ки аз ҷиҳати оиладорӣ дар синну сол гуногун буданд, аз таҷрибаҳои рӯзгордории худ, омилҳои пойдории оилаҳо, сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавонро нақл намуданд, ки ҳозирин бо шавқ истимоъ карданд.

Ба ҳамаи оилаҳои дар чорабинӣ иштирокдошта: аз Ҷамоати деҳоти Куруш Абдувоҳид Азимов, аз Ҷамоати деҳоти Тағояк Одилбой Насруллоев, аз Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев Яҳё Солиев, аз Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин Достон Мавлонов, аз Ҷамоати деҳоти Сарбанд Акрам Йӯлдошев, аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол Ӯктам Ризаев, аз Ҷамоати шаҳраки Навкат Шерзод Тоҳиров туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охири тантана ҳофизони театри ноҳия ба суруду рақсҳои ҷолиб табъи ҳозиронро шод карданд.

Aanvullende gegevens