Ӯ ду мавлуд дошт

74-сол мешавад, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба анҷом расида, халқи кишвар ин рӯзро ба ҳайси Рӯзи Ғалаба мутантан ид мекунанд.

Дар ин рӯз аз рӯзгори иштирокчиёни ҷанги беадолатона ҳарф зада, корнамоӣ ва диловарии падарони шуҳратмандро, ки барои озодӣ ва ҳифзи Ватан, аз асорати фашизм, ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шудан, амри хайр аст.

Дар арафаи иди Ғалаба мо аз ҳаёти ибратомӯзи инсони некном, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат, зиндаёд Умар Мирсаидов, муъҷаз варақгардон кардем.

Ӯ 9 майи соли соли 1925 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, баъди таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ ва гирифтани маълумоти омӯзгорӣ чанд муддат дар деҳаи Далёни Боло ба кори таълиму тарбия машғул шудааст.

Чун Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, соли 1941 бо хоҳиши худ ба фронт рафт. Дар муҳорибаҳои Украинаи Ғарбӣ ва Назди Карпат зидди фашистон мардонавор размид. Соли 1944 аз ҳарду пой захм бардошта, дар госпитали шаҳри Харков муолиҷа гирифт. Баъди ҳашт моҳ чун маъюби ҷанг ба зодгоҳ баргашт. Аз соли 1950 то 1994 дар комбинати ордбарории ноҳияи Спитамен фаъолияти пурмаҳсул кардааст. Дорандаи ордени “Шараф”, дараҷаҳои I-III, якчанд медалҳои ҷангӣ мебошад. Соҳиби 8 нафар фарзанд, 23 набера ва 48 абера буда, ҳамаи онҳо аз падар, бобои ҷанговари худ, ки дар синни 88-солагӣ, 20 феврали соли 2013 оламро тарк гуфтаанд, ба некӣ ёд мекунанд.

Рӯзи 9-уми майро ба ҳайси ду мавлуди Умар Мирсаидов — яке рӯзи зодрӯз, дигаре рӯзи Ғалаба аҳли фарзандон ва пайвандон поси хотир мекунанд. Мо низ ба ин посдории хотираи неки иштирокчии ҶБВ Умар Мирсаидов ҳамшарикӣ намуда, “Ёдашон ба хайр бошад!” мегӯем!                          

Фирӯз АТОЗОДА,
сармуҳаррири ҳафтавори «Паёми Спитамен»-и
ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens