Ошибка
  • Ошибка при загрузке компонента: com_contact, 1
  • MySQL server has gone away SQL=SELECT m2.language, m2.id FROM nd3rh_menu as m LEFT JOIN nd3rh_associations as a ON a.id=m.id AND a.context='com_menus.item' LEFT JOIN nd3rh_associations as a2 ON a.key=a2.key LEFT JOIN nd3rh_menu as m2 ON a2.id=m2.id WHERE m.id=156

«Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!»

Санаи 19 декабри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия мулоқоти раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо ҷавонони фаъоли ноҳия дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шаҳраку деҳоти ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия дар мулоқот зимни суханронии пурмуҳтавои хеш яке аз ҳадафҳои асосии чорабиниро тақвият бахшидани мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда ва қотеъона маҳкум намудани зуҳуроти хатаровари терроризм ва экстремизм арзёбӣ намуд.

Раиси ноҳия дар ин самт мавқеъ ва нақши ҷавонони фаъолро муҳим дониста, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷавонон дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон мавқеи басо муҳим доранд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат муайян намудаанд.

Дар вазъияти тантанавӣ, ҳамзамон Раиси ноҳия ба чанд нафар ҷавонони фаъоли ноҳия Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитаменро тақдим дошт. Ҷавонони фаъол — омӯзгорони ҷавон, шифокорон, хонандагон низ дар мулоқот бо ифтихори баланди ватандорӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар таъмини осоиштагӣ, пешрафту шукуфоӣ, ҷилавгирӣ аз таъсири афкори бегона, расидан ба қадри неъмати бузурги Истиқлолияти давлатӣ пайваста азму талош хоҳанд варзид.

Aanvullende gegevens