Ошибка
  • Ошибка при загрузке компонента: com_contact, 1
  • MySQL server has gone away SQL=SELECT m2.language, m2.id FROM nd3rh_menu as m LEFT JOIN nd3rh_associations as a ON a.id=m.id AND a.context='com_menus.item' LEFT JOIN nd3rh_associations as a2 ON a.key=a2.key LEFT JOIN nd3rh_menu as m2 ON a2.id=m2.id WHERE m.id=156

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони мактабҳои нав дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев

18 декабри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар нахуст Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев бо сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва 33 шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 640 хонанда бунёд гардида истодааст. Дар бинои нави таълимӣ барои таҳсили хонандагон шароити зарурӣ фароҳам гардида, толори варзишӣ, ошхона, утоқҳои фаннӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст. То имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва сохтмончиён тасмим доранд, ки дар муҳлати муайяншуда иншоотро ба истифода супоранд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бошад дар асоси созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд хоҳад шуд. Мактаби нав барои 630 хонанда дар як баст дар масоҳати умумии бештар аз 2 гектар сохта шуда, он аз таҳхона ва се ошёнаи таълимӣ, инчунин ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ иборат аст. Бунёдкорон корҳои асосии сохтмониро ба анҷом расонида, айни ҳол ба корҳои ороишиву пардозгарӣ машғуланд.

Дар аснои шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти соҳаи маориф Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид кард, ки кормандони соҳаро зарур дар ҷавоб ба ғамхориҳо барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи насли донишманду босавод аз имкониятҳо самаранок истифода намоянд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен имрӯзҳо ҳамчунин дар назди муассисаҳои таълимии 30 ва 16 сохтмони 14 синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда идома дошта, роҳбарияти ноҳия ва фаъолону сокинон барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат намуда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Aanvullende gegevens