Ҷашни Истиқлолият бошукуҳ таҷлил гардид

Таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия санаи 5 сентябр бошукуҳ ва хотирмон таҷлил гардид.

Ба ин муносибат субҳи ҳамин рӯз дар ҷамотҳои деҳоти ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ чанд иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд.

Субҳи барвақт нахуст дар Ҷамоати деҳоти Куруш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва муовини якуми раиси ноҳия Даврон Зоҳидзода коргоҳи ҳайкалтарошии ҳунарманд Хайруло Акрамовро расман ба истифода доданд. Ин ҳунурманд чанд сол инҷониб ба ҳайкалтарошӣ машғул буда, соли равон барои бунёди коргоҳи ҳайкалтарошӣ ба ӯ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Куруш замин ҷудо карда дода шуд.

Мавсуф дар ин замин коргоҳи ҳайкалтарошӣ бунёд намуда, бо шогирдони худ аз ҳар гуна маҳсулоти сохтмонӣ ҳайкалу ҳайкалчаҳо, гулдону фаввора ва дигар ашёҳои хотиравӣ месозад. Аллакай маҳсули дасти ин ҳунарманд дар назди бинои ташкилоту идораҳо монда шудааст.

Меҳмонон ин марди ҳунарро бо оғози фаъолият ва ташкили чунин коргоҳ табрику муборакбод ва барору комёбӣ орзу намуда, дар оянда барои сохтани ҳар гуна туҳфаҳо барои ҷалби сайёҳон маслиҳатҳо доданд.

Баъдан меҳмонон дар ҳамин Ҷамоат дар кушодашавии майдончаи варзишӣ барои минифутбол иштирок намуданд. Ин варзишгоҳ бо тарҳу усули замонавӣ бунёд гардида, дар он метавононад ҷавонон ва мухлисони минифутбол машқу тамрин ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил намоянд.

Ин майдончаи варзишӣ бо ибтикори соҳибкорзан, сокини ҳамин Ҷамоат Барно Норалиева бунёд гардида, дар арафаи Истиқлолият туҳфаи хубе барои аҳли ҷамоат гардид.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва муовини якуми раиси ноҳия Даврон Зоҳидзода барои чунин иқдоми нек ва шоёни таҳсин ба ин соҳибкорзан барору комёбӣ оруз намуданд ва ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанг чорабинии тантанвӣ баргузор гардид. Таҳти мусиқии мутантан Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор дароварда шуд.

Суруди миллӣ садо дод. Дар чорабинии тантанавӣ Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намоянда аз МИҲД вилояти Суғд Бобозода Хайрулло иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ҳамагонро бо ин ҷашни сиёсӣ муборакбод гуфта, доир ба хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу Ваҳдат ва истиқлолият гуфта гузашт. Мавсуф қайд кард, ки Давлати тоҷик таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод ва барои ягонагии халқи Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии он саъю кӯшиши зиёде кард. Зимни талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат ва халқи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, Истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ низ дар баромади худ доир ба пешравиҳои кишварамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳон, бунёди иншоотҳои азим гуфта гузашта, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашн табрику таҳният намуд.

Намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Х. Бобозода номаи шодбошии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас дар вазияти тантанвӣ ба як қатор пешқадамони соҳаҳо Сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Бо баровардани Парчами миллӣ аз толор чорабинии идона анҷом ёфт.

Тантанаи асосии таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар назди бинои МИМҲД-и ноҳия, бошукуҳ ва бо иштироки меҳмонону сокинони ноҳия оғоз гардид.

Суруди миллӣ садо дод. Дар ин чорабинии ҷашнӣ раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, меҳмонон аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҳокими шаҳри Бекобод Зафар Файзуллоев ва роҳбарони ташкилоту идора, кормандони муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг иштирок намуданд.

Чорабиниро раиси ноҳия бо сухани шодбошӣ кушода, кулли сокинон ва меҳмононро бо ин рузи фархунда муборакбод кард. Сипас бо камоли эҳтиром суханро ба ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Файзуллоев дод. Номбурда дар суханрониаш аз таърихи дӯстии ду миллати бародар, робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар ва ноҳия гуфта гузашта, мардумро бо ин рузи фархунда табрик гуфт. Ва чун нишони дустӣ ва эҳтиром ба раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим туҳфаи хотиравӣ тақдим кард. Раиси ноҳия ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Файзуллоевро бо Сипосномаи МИҲД-и ноҳия қадрдонӣ намуд.

Чорабинии ҷашни Истиқлолият бо баргузории консерти идона ва сурудхонии ҳофизони бахши фарҳанги ноҳия ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Узекбистон то дергоҳ давом кард. Иди истиқлолият дар тамоми деҳаҳои Ҷамоатҳо бо иштироки мардуми зиёд таҷлил гардид.

Aanvullende gegevens