Ҷамоати деҳоти Куруш: Бунёдкориҳо идома доранд

Аҳли кормандони Ҷамоати деҳоти Куруш дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, барои таъсиси корхонаҳои нав дар соли 2018-2019 ӯҳдадорӣ гирифта буданд. Алҳол барои пешбурди корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳар як маҳаллаҳои аҳолинишин кор дар ин самт муташаккилона идома дорад.

Давоми моҳҳои гузаштаи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Куруш ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиёд роҳандозӣ шуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар кӯчаҳои А. Рӯдакӣ ва С. Ӯришев 1300 метри мураббаъ роҳрав сафолакпӯш гардида, дар худи ҳамин кӯчаҳо 4300 метр роҳрав бетонпӯш шуд. Дар кӯчаи И. Сино 1300 метри мураббаъ роҳ бо дастгирии соҳибкор Умаралиев Мамадалӣ ва ду тарафи Қасри фарҳанги деҳа ба масоҳати 500 метр асфалтпӯш карда шуд. Дар кӯчаҳои марказии деҳа 200 адад парчамҳои фестивалӣ ва 50 адад Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуданд. Ҳамаи хонаҳои истиқоматие, ки дар кӯчаҳои марказӣ ва роҳи гузари деҳаи Мурияк ва деҳаи Ҳавотак ҷойгиранд, пурра аз таъмир бароварда, рангу бор карда шуданд.

Дар ҳудуди Ҷамоат корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, 1700 адад ниҳоли арча, 500 адад сафедор, 500 адад олу, 20 000 адад гулҳои ҳархела, 1000 адад гули садбарг, 7000 адад дарахти мевадиҳанда шинонида шудаанд. Бо дастгирии соҳибкор М. Умаралиев рӯи ҳавлии кӯдакистони № 7 ба масоҳати 400 метри мураббаъ сафолакпӯш ва роҳрав ба масоҳати 100 метри мураббаъ бетонпӯш карда шуд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихиву фарҳангии кишвари маҳбубамон, рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти мардуми деҳот, эҳёи анъанаҳои милливу ҳунарҳои аҷдодӣ, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза бахшид. Ташрифи хуҷастаи имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Куруш ин ҳидояти неки Пешвои миллат ба рушди ҳаёти мардуми деҳот буд. Бо қадами мубораки Пешвои миллат дар Ҷамоати деҳоти Куруш як қатор тағйироту пешравиҳои нишотбахш ба вуқӯъ пайваст, ки бузургтарини он ифтитоҳи Қасри фарҳанги Куруш буд.

Имрӯз дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Куруш 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон, 1 филиали ЛКТ № 68 фаъолият мебаранд. Ҳамчунин, дар Ҷамоат 2 мактаби варзишии бачагону наврасон аз рӯи намудҳои варзиши волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, бокс, каратэ-до, муҳорибаи ҷанги дастӣ, гӯштинҳои самбо, дзюдо, тарзи озод, миллӣ, камарбандӣ, шоҳмот ва шашка кор ва фаъолият доранд.

Дар маҳаллаҳо бо ёрии раисони маҳалла, фаъолони Ҷамоат корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ оиди пешгирии ба ҷиноят даст задани ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна равияҳои динӣ, худкушӣ, экстремизм ва терроризм бурда шудаанд.

Бо иштироки занони фаъоли Ҷамоат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, нозирони минтақавӣ, мудирони Марказҳои саломатӣ, оид ба пешгирии поймол гардидани ҳуқуқи занон ҳангоми бекор шудани ақди никоҳ, худкушӣ, қасд ба ҷони худ вохӯриву мулоқотҳо гузаронида шудаанд.

Дар ҳудуди Ҷамоат, дар асоси шартнома бо ҶДММ «Спитамен-текстайл», ба 1300 га пахта, 200 га маккаи донӣ, 20 га полизӣ, ба 310 га, аз ҷумла ба 5 га сабзӣ, 8 га полизӣ, 3 га мош ва 85 га маккаи алафӣ кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани якчанд иншоотҳоро дар нақша аст. Ба ин корхонаи хиштбарорӣ (соҳибкор Суҳроб Соҳибов), майдончаи варзишӣ (соҳибкор Норгул Холматова), мағозаи маводи коргузорӣ (соҳибкор Бекзод Бердиев), коргоҳи хурди ҳайкалсозӣ (соҳибкор Хайрулло Акрамов) мисол шуда метавонанд.

Дарҳақиқат, имрӯз деҳаҳои Ҷамоат симои худро рӯз аз рӯз тағйир дода, мардум бо як дилгармӣ пайи меҳнати созанда ва ободкорӣ машғуланд. Ин ҳама шаҳодат аз Истиқлолияти давлатӣ, аз сулҳу ваҳдат буда, ба ин шукрона бояд кард.

Aanvullende gegevens