Таҷлили 74-умин солгарди иди Ғалаба дар ноҳия

Имсол тамоми мардуми тараққипарвари дунё санаи 9 май 74-умин солгарди иди Ғалабаро ҷашн гирифтанд.

Ба ин муносибат, дар ноҳия Иди Ғалаба ботантана таҷлил карда шуд.

Раиси ноҳия, намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомотҳои қудратӣ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи атомии Чернобил ба майдони Ғалаба омада, дар назди ёдгории шаҳидони ҷанг аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳия ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта, барои поси хотири онҳо лаҳзае сукут намуданд.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим баромад карда, ҳозиринро бо ҷашни ғалабаи бузург табрик намуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода баромад намуда, сухани табрикотии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сарояндагони театри ба номи Ш. Бурҳонов ва бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида намуданд.

Aanvullende gegevens