Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен

Санаи 10 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен Иҷлосияи ҳаҷдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим иштирок намуд. Ҳамчунин дар Иҷлосия мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи хуқуқ, раисони Ҷамоатҳои ша³раку деҳот, фаъолони ноҳия ва дигар шахсоне, ки вакил нестанд, вале ба масъалаҳои иҷлосияи имрӯза дахл доранд, иштирок доштанд.

Иҷлосияро раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим кушода эълон намуд.

Суруди милли садо дод.  

Ҳайати котиботи иҷлосия интихоб карда шуд.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин муҳокима гардид.

1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, таҳти №602 «Дар бораи татбиқи барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019»;

2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен (даъвати V) оид ба масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, соҳибкорӣ, сохтмон, роҳ, ободонӣ ва хизматрасонии маишӣ;

3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Наврӯз” №10, Хонкелдиев Кенҷабек Хонкелдиевич;

4. Даровардани тағйирот ба “Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2016-2020”;

5. Оид ба номгузории кӯчаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Куруш, Тағояк ва Хуррамзамин;

6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия оид ба масъалаҳои кадрӣ;

7. Дар бораи тасдиқи қарорҳо ва амрҳои Раиси ноҳияи Спитамен.

Аз руи масъалаи якуми рӯзнома – дар бораи рафти иҷрои   қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, таҳти №602 «Дар бораи татбиқи барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» дар ноҳияи Спитамен муовини раиси Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло маъруза кард. Қайд гардид, ки Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, таҳти №602 тасдиқ шудааст, яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ба шумор меравад, ки самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибати истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва табиат, рушди солимии ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин роҳҳои барқароркунии фазои экологии вайроншударо муайян менамояд.

.Дар асоси нақшаи чорабинии алоҳида оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар давоми соли 2018 ба майдони 1225 гектар яхоб монда шуда, бо мақсади иҷрои банди 2, қисми 9-и Барнома дар ноҳия 15,4 м3 заҳбуру заҳкашҳо аз ҳисоби хизматрасонии обрасонӣ ба маблағи 63,7 ҳазор сомонӣ тоза карда шуд. Дар ин давра баҳри таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия 93 ҳазору 409 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки маблағи мазкур барои таъмини оби нӯшокии сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия равона гардидааст.

Аз руи масъалаи мазкур вакил аз ҳавзаи интихоботии “Боғдор” №15, Бобобеков Зокирҷон Абдумӯминович, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Гулов Абдуолим ба музокира баромаданд. .Аз руи масъалаи дуюм вакил аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ” №3 Нарзуллоев Фаррух Авазҷонович, аз руи масъалаи сеюми иҷлосия вакил аз ҳавзаи интихоботии “Наврӯз” №10, Хонкелдиев Кенҷабек Хонкелдиевич, аз руи масъалаи чорум даровардани тағйирот ба “Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2016-2020” лоиҳаи қарор тасдиқ гардида, масъалаи панҷум оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ раиси Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Дилрабо Раҳимӣ баромад намуд. Аз руи ҳамаи масъалаҳо дигари рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Aanvullende gegevens