Наваскарон ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд

Майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, ки дирӯзакак бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, имрӯз аз нав шукӯҳи идона гирифт.

Ба муносибати нахустин даъвати баҳорона рӯзи 4 апрели соли 2019 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” гуселонидани тантанавии наваскарон дар ин майдон баргузор гардид. Дар ин маросим раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, падару модарони наваскарон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Нахуст, раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим сарбозони ояндаи Ватанро бо ин рӯзи таърихӣ, ки дар майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, ҳанӯз фазои идонаи Наврӯзӣ дорад, шодбош намуда, ба ҳамаи он падару модароне, ки барои гусели фарзандони худ ташриф овардаанд, миннатдории самимӣ изҳор кард. Таъкид дошт, ки ҷавонони ноҳия – наваскарони оянда ифтихори Ватан буда, имрӯз бо шарафмандии бузург барои адои хизмати марзу буми кишвар сафарбар мегарданд.

Зикр гардид, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт аст, ки ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб мебахшад. Ин аст, ки дастгирӣ намудани Артиши Миллӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои адои қарзи фарзандии аскарону афсарон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сипас, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия, полковник Абдулшаҳид Ниёззода наваскаронро бо ин рӯзи шарафу ифтихормандӣ таҳният намуда, барояшон хизмати сарбаландонаро таманно кард. Собиқадори меҳнат Ҳ. Негматова, ҷавондухтари фаъоли ноҳия Д. Ҷӯраева, даъватшаванда, аз Ҷамоати шаҳраки Навкат М. Мирсаидов суханронӣ карда, баробари изҳори сипос, аз дигар ҷавонони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки дар сафи Артиши Миллӣ хизмат намуда, қарзи фарзандии худро анҷом диҳанд

Сархатиби ноҳия Б.Исмоилов ба сафари наваскарон фотиҳаи роҳи сафед дод.

Сипас, аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзур гардид, ки наваскарон ҳамроҳи волидон ва ёру дӯстон рақсу шодмонӣ карданд.

Дар рӯзи аввали даъвати баҳорона 60 нафар ҷавонони ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.              

Aanvullende gegevens