Чорабинӣ бахшида ба аз хоки Афғонистон баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ
- Подробности
- Санаи 14.02.2018 17:49
Имрӯз, бахшида аз хоки Афғонистон баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳия чорабиниҳом мухталифи фарҳангӣ доир ва як гуруҳи иштирокчиёни муҳорибаҳо дар Афғонистон аёдат карда шуданд. Қабл аз оғози чорабинии расмӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд генерал-майор Абдуҷаббор Ҳомидов, раиси Шурои вилоятии ҷанговарони байналмилал Комилҷон Содиқов ва дигар шахсони масъул ба зери лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд.
Рӯзҳои дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Спитамен
- Подробности
- Санаи 13.02.2018 00:01
То ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва тибқи нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шӯъбаи маориф ва комисариати ҳарбии ноҳия ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чорабиниҳои мухталиф доир шуда истодаанд.
Баррасии масъалаҳои мубрами рӯз дар маҷлиси назоратии назди Раиси ноҳия
- Подробности
- Санаи 12.02.2018 23:55
Дар маҷлиси назоратии назди Раиси ноҳия, ки имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, муовинони сардори шӯъбаи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон дар ноҳия, мудирони шӯъба ва бахшҳо, раисони ҷамоатҳо,директорони муассисаҳои таълимӣ, нозирони минтақавӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар масъулин баргузор гардид, масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ шуданд.
Бозомӯзии мутахассисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ
- Подробности
- Санаи 09.02.2018 09:32
Тибқи нақшаи аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳамдзода тасдиқшуда имрӯз таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, бо иштироки муовини Раиси ноҳия Саидзода Илҳом Тӯлқинӣ бозомӯзии мутахассисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ доир ба «Амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзц ва ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ» баргузор шуд.
Таҷлили иди Сада
- Подробности
- Санаи 02.02.2018 10:22
Дар назди майдони «Ғалаба»-и ноҳия таҷлили иди Сада б аргузор гардид.
Дар ду тарафи даромадгоҳи ин майдон аз як тараф аз тарафи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, шуъбаи маориф, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати дастии ҳунармандон, таомҳои миллӣро ба марази тамошобинон гузшта буданд.