Шаҳраки қадимаи Ширин

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои миллат мусоидат бо он мекунад, ки деҳаҳои кишвар руз то руз рушд намуда зебо гарданд ва мавзеҳои таърихӣ обод ва нуфуси сайёҳони дохиливу хориҷӣ зиёд гарданд. Чунин корҳои ободонӣ дар деҳаҳои ноҳияи Спитамен бо суръат оғоз гардида, деҳаҳои ҷамоатҳо ба шаҳракҳои зебо мубаддал гардида истодаанд.

Ноҳияи Спитамен (собиқ ноҳияи Нов) яке аз ноҳияҳои шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 29 сентябри соли 1926 дар тобеиати вилояти Суғд ташкил гардида, бо давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Ҳамчунин ноҳияи Спитамен (собиқ Нов) бо ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Бекободи Ҷумҳурии Узбекситону Лейлеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад.

Масоҳати ноҳия 355,7 км2 буда аҳолии он зиёда аз 130 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мувофиқи Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №460 аз 21 ноябри соли 2003 номи ноҳия аз Нов ба Спитамен иваз гардидааст. Дар ноҳия халқу миллатҳои гуногун аҳлона зиндагӣ ва умр ба сар мебаранд. Мардуми ноҳия аксар дар деҳот зиндагӣ дошта, шуғли онҳо деҳқонӣ, боғдорӣ ва парвариши чорво мебошад. Ҳамчунин дар ноҳия мардуми соҳибҳунар хеле зиёданд. Дар ноҳия касбу ҳунарҳои дуредгарӣ, бофандагӣ, хиштрезӣ, гилембофӣ, ҳайкалтарошӣ, куҳнадузӣ, тоқибофӣ, танӯрсозӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ ва ғайра хеле маъмуланд ва то ба замони мо аз авлод ба авлод гузаштаанд. Дар ноҳияи Спитамен марказҳои ҳунаромӯзри фаъолият доранд.

Дар ноҳия 7 ҷамоат мавҷуд буда, даромади аҳолӣ аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст оварда мешавад. Мардум соҳиби замин буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ,фермерӣ, коопертивҳои истеҳсолӣ ташкил карда шуда, дар замин ба парвариши зиротаҳо аз қабили пахта, ҷуворимакка, пиёз, картошка, сабзӣ ва ғайра машғуланд. Калонтарин Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ин Ҷамоати деҳоти Куруш ва Т. Улҷабоев мебошанд, ки дар ин ҷамоатҳо қисмати зиёди аҳолии ноҳия зиндагӣ доранд.

Дар ноҳия мавзеҳои қадимаи таърихӣ аз қабили ёдгории таърихии Ширин дар ҷамоати деҳоти Куруш, Ёдгории таърихии деҳаи Оқтеппа дар ҷамоати деҳоти Истиқлол, ёдгории таърихӣ деҳаи Қуштегирмон дар ҷамоати деҳоти Сарбанд, ёдгории таърихии «Лангар-Ато» дар ҷамоати деҳаи Тағояк мавҷуданд, ки баъзе аз онҳо умри дароз дидаанд.

Бо мурури замон Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен обод гардидаву марказҳои зиёди хизматрасонӣ ва иншоотҳои гуногун мавҷуданд. Инчунин дар ҳудуди ин ҷамоат мавзеи ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд.

Ёдгории қадимаи Ширин яке аз калонтарин ёдгории таърихии қадима ба шумор меравад . Ин шаҳраки қадима дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куруш, деҳаи Куркати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд воқеъ буда, то ба имрӯз қисме аз девор, ғорҳо ва дахмаҳои ин ёдгории таърихӣ мавҷуданд ва то ба замони мо омада расидаанд.

Аз бозёфтҳои археологӣ ва дигар манбаҳои таърихӣ ва ба гуфти олимони соҳа ин ёдгории таърихӣ дар асрҳои VI-V пеш аз милод бунёд карда шудааст. Масоҳати ин мавзеъ зиёда аз 4 гектарро ташкил медиҳад ва дар самти шимолии деҳаи Куркат дар 3 келометр дури аз деҳа ҷойгир аст.

Бозёфтҳои археологӣ нишон доданд, ки дар ин ҷо хонаҳои истиқоматии якошёна ва дуошёна мавҷуд будаанд. Дар дохили ин шаҳракаи таърихӣ дахмаҳои зиёд ба назар мерасанд, ки аз дохили онҳо устухонҳои одамизод пайдо гардидаанд. Аз ҷониби археологҳо ва мутахассисони соҳа 12 дахмаи ин мавзеъ кофта ва мавриди омузиш қарор дода шудаанд. Ин гуна дахмаҳо дар нишебии куҳ кофта шуда, аз хоначаҳои гунбазшакл иборат буда, чуқурии он 7,5 метр , бараш то 3 метр ва 2,5 метр баландӣ доштааст. Аз дахмаҳо устухонҳои одамон ва дигар асбобу ашёҳои лозимӣ барои рузгор пайдо карда шудаанд, ки ҳамроҳи мурдагон гуронда шудаанд.

Бозёфтҳо маълум карданд, ки аҳолӣ дар ғор (ба ҷои қабр) бо либосу пойафзол ва занҳо бошанд бо ороиши занона, мардон бо яроқу аслиҳа дафн карда шудаанд.

Шахсони сарватмнад бошанд дар хуми калон бо камарбанди қиматбаҳо, ханҷар, корд ва дигар олотҳои аз оҳан сохташуда дафн гардиданд.

Ин ёдгории таърихӣ хеле куҳан буда, ҳоло сирру асрори зиёди он нокушода боқӣ мондааст. Умед меравад, ки солҳои наздик олимони соҳа ин мавзеъро мавриди омузиш қарор хоҳанд дод. Дар ин партав роҳбарияти ноҳия бо олимони кишвар дар робита буда, баҳри нигоҳдошти ин мавзеи таърихӣ чорандеши намуда истодаанд.

Фируз Атозода,
сармуҳаррири рузномаи
«Паёми Спитамен» н. Спитамен

Дополнительная информация