Саҳми матбуоти тоҷик дар рушди кишвар

11 марти соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ дар идораи таҳририяи “Паёми Спитамен” Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гирифта шуд.

Дар он ҳайати эҷодии ҳафтавори “Паёми Спитамен”, рӯзномаи “Махзани маърифат”ва собиқадорони матбуот ширкат доштанд.

Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ҳозиринро аз номи раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ифтихори Рӯзи матбуот таҳният гуфта, нақши васоити ахбори оммаро дар рушд ва пешравии кишвари азизамон созанда маънидод намуд.

Сипас, ба аҳли эҷоди ҳарду таҳририя ва собиқадорони матбуот “Сипоснома” ва туҳфаҳои раиси ноҳия тақдим гардид. Сармуҳаррири “Паёми Спитамен” Фирӯз Атозода зимни суханронӣ ҳозиринро бо ид муборакбод намуда, нисбати таваҷҷуҳи МИМҲД-и ноҳия ба аҳли қалам изҳори сипос кард.

Худи ҳамон рӯз дар Кохи матбуоти вилоят тантанаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, ки дар он намояндагони васоити ахбори умуми вилоят иштирок доштанд, баргузор гардид. Аз ҷумла, дар ин тантана аз ноҳияи мо собиқадорони матбуот Ато Боқӣ ва Зулайҳо Ғойибназарова ширкат намуда, бо мукофотҳо тақдиронида шуданд.

Дополнительная информация