Занони фаъол ва барӯманд аёдат карда шуданд

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Рӯзи Модар ва дастгирии ҳамаҷонибаи занон санаи 7 марти соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд нафар занон – модарони барӯманд ва собиқадор аёдат карда шуданд.

Аз ҷумла дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба собиқадорони меҳнат Узоқова Зулфия ва Каромат Маҷнунова аз ҷониби Раиси ноҳияи Спитамен муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода расонида шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз собиқадори меҳнат аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол Назарова Марҳамат ва ҷурналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини Ҷамоати деҳоти Сарбанд Аҳмадалиева Дилбар аёдат карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
ноҳияи Спитамен

Дополнительная информация