Техникаҳои кишоварзӣ ба кишти баҳорӣ омодаанд

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саривақт гузаронидани кишти зироатҳои баҳорӣ ва омодагии техникаҳои кишоварзӣ санаи 27 феврали соли 2019 дар ноҳия қабули техникаҳои кишоварзӣ ва гузоштани онҳо ба хатти тайёр баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Спитамен муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ибрагимов Комилҷон ва Каримов Абдураҳмон ва кишоварзони ноҳия иштирок дошатнд.

Раиси ноҳия дар суханронии худ таъкид доштанд, ки мақсади асосии баргузории чорабинии қабули техникаҳои кишоварзӣ ва ба хатти тайёр гузоштани техникаҳои кишоварзӣ барои кишту кори соли 2019 аз он иборат аст, ки дар натиҷаи пурра омода гардидани тухмипошакҳову култуваторҳо ва дигар намуди техникаҳои кишоварзӣ барои бо сифати баланд иҷро гардидани сохтори дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва саривақт гузаронидани корҳои агротехникии зироатҳо таккони ҷидӣ мебахшад. Дар ин самт кишоварзони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати саривақт ва босифат омода намудани техникаи кишоварзӣ, ислоҳи норасогиҳо, вусъат бахшидани шудгори заминҳо ва дар мӯҳлатҳои хуби оптималӣ ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ созанд.

Қайд намудан лозим аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 феврали соли 2019 дар ноҳия ҳамагӣ 328 адад тракторҳо мавҷуд мебошанд, ки аз он шудгоркунанда 53 адад, нармкунанда 181 адад, тухмипошакҳои тракторӣ ҳамагӣ 83 адад, аз он тухмипошакҳои пахта 72 адад мавҷуд мебошанд.

Дар охири чорабинӣ якчанд механизаторони ноҳия бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Дополнительная информация