Саноат бояд рушд ёбад

Рӯзи 8 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи калони МИМҲД-и ноҳия бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо роҳбарият ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва Ҷ. Расулов машварати корӣ баргузор шуд.

Машваратро раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим ҳусни ифтитоҳ бахшида, ташрифи ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам     Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудаанд, ҳамчунин супоришҳои дар ҷаласаи васеи ҳукумат баён доштанд, бармеояд, ин машварат доир шуда истодааст, гуфт раиси ноҳия.

Сипас, раёсати машваратро ба муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дод. Мавсуф машваратро аввалин мулоқоти худ бо роҳбарият ва роҳбарони корхонаҳои саноатии се ноҳия арзёбӣ кард. Таъкид намуд, ки тибқи дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатӣ ва Маҷлиси васеи Ҳукумат баёншуда, бояд дар соли ҷорӣ рушди истеҳсолоти саноат дар вилояти Суғд на камтар аз 30 фоизро ташкил диҳад.

Муовини якуми раиси вилояти Суғд аз ҳамаи роҳбарият ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ин се ноҳия, ки алҳол фаъолият доранд, якояк оид ба натиҷаҳои истеҳсолӣ дар соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017, пурсиш ба амал овард. Аз рафти таҳлил маълум гардид, дар аксарияти корхонаҳои саноатии ноҳияҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, шумораи ҷои корӣ ва музди маош поён рафтааст, ки боиси нигаронист. Сабабҳои ба ин ҳолат омадан таҳлил карда шуда, назди роҳбарият ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дар соли 2019 ва солҳои минбаъда, истифода аз имкониятҳои мввҷуда, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот ва ҷавобгӯ будан ба стандартҳои бозори ҷаҳонӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, боло бардоштани музди маош, ба ин васила сатҳи некуаҳволии аҳолиро таъмин кардану коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ вазифагузорӣ шуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди саноат ба соҳибкорон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Бояд аз он самаранок истифода бурд ва саноатро дар ҳамаи самтҳо рушд дод, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии кишвар саҳм гузошт.

Машварати кориро ҷамъбаст намуда, муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар изҳори боварӣ намуд, ки роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини нақшаҳои пешбиникарда ба натиҷаҳои намоён комёб хоҳанд шуд.

Дополнительная информация